Xuɣ̌nůni zivti

in English

по-русски

ﺑﻪ ﻓﺎﺭﺳﻰ

 

Барномаи грамматикаи забони шуғнонӣ

embassy2.JPG

            Забоншиносони Донишгоҳи Кентуккӣ (ШМА) ва Донишгоҳи Хоруғшаҳр (Тоҷикистон) дар ҳамкории муштарак бо ҳадафи омода намудани грамматикаи забони шуғнонӣ барномаеро тартиб додаанд.

            Шуғнонӣ забони ҳинду-аврупоӣ буда, ба гурӯҳи забонҳои померӣ, ки дар навбати худ шомили оилаи забонҳои ҷануби-шарқии эронӣ аст, дохил мешавад. Теъдоди шуғнизабонон тақрибан ба 40 ҳазор нафар дар Тоҷикистони шарқӣ – кӯҳистони Помир ва тақрибан ба 20 ҳазор нафар дар райони сарҳадии Афғонистон бо Тоҷикистон мерасад. Мисли дигар забонҳои хеш (язгуломӣ дар Тоҷикистон, сариқулӣ дар Хитой, мунҷонӣ ва санглиҷӣ – ишкошимӣ дар Афғонистон, вахонӣ ва йидга дар Покистон) ин забон дар ҳолати нобудшавӣ қарор дорад. Забони шуғнонӣ дорои алифбо набуда, дорандагони ин забон ағлаб ба забони тоҷикӣ (забони ғарбии эронӣ, забони расмии давлати Тоҷикистон) ва забони русӣ озодона ҳарф мезананд.

            Барнома пас аз ташрифи Гулноро Мирзовафоева ба Донишгоҳи Кентуккӣ, ки тавассути барномаи JFDP дар нимсолаи дуввуми соли 2007 ба вуқӯъ пайваста буд, оғоз шуд. Дар давоми истиқоматаш дар ШМА, Гулноро ба ҳайси мушовири забони шуғнонӣ дар дарси таҳлили грамматикии (LIN 516 дар каталоги донишгоҳи Кентуккӣ) Грег Стамп кор карда буд. Ин ҳамкорӣ боиси он шуд, ки Грег Стамп, Эндрю Ҳиппислӣ ва Жанмарӣ Руйе Виллоби дар асоси таҳқиқоташон дорандаи гранти Коллеҷи Илм ва Ҳунар дар ҳайати Донишгоҳи Кентуккӣ шуданд, ки ин имконияти маблағгузорӣ намудани сафари Мирзовафоева ва прафессорони Донишгоҳи Хоруғшаҳр Муқбилшоҳ Аламшоев ва Шоҳназар Мирзоевро ба Донишгоҳи Кентуккӣ муҳайё намуд. Семинари муштараки забоншиносони Амрико ва Тоҷикистон оиди грамматикаи забони шуғнонӣ як моҳ тӯл кашид. Бо ҳамкорӣ ва фаъолияти ташкилдиҳии Марк Лауэрсдорф семинар дар оффиси Иттиҳодияҳо оид ба истифодабарии ҳисоббарорӣ дар улуми инсонӣ доир гардида буд.

            Мо ташрифи Шаҳло Нукушоеваро, ки дар давоми ин нимсола дар Донишгоҳи Кентуккӣ хоҳад буд,  бесаброна интизор астем ва умедворем, ки ин ҳамкорӣ натиҷаи пурсамареро ба вуҷуд хоҳад овард. Шаҳло ҳамчунин дорандаи гранти JFDP буда, аз тарафи Барномаи лингвистии Донишгоҳи Кентуккӣ музд хоҳад гирифт.

Баъзе дастовардҳои барнома:

·         Эндрю Ҳиппислӣ ва Грег Стамп: “Эфемизмҳо ва таснифи феълҳои забони шуғнонӣ”, баромад дар ҷамъомади оид ба морфология дар Донишгоҳи Саррея, Ҳилфорт, Великабритания (ҷануби ғарбии Инглистон), 26 ноябр 2008.

·          Эндрю Ҳиппислӣ ва Грег Стамп: “Мӯъҷизоти морфологӣ: замони гузашта дар забони шуғнонӣ”, баромад дар коллоквиуми шӯъбаи забони инглисӣ, Донишгоҳи Кентуккӣ, 14 сентябр 2008.

·         Эндрю Ҳиппислӣ, Грег Стамп ва Рафаэл Финкел: “Коркарди мавод дар шароити саҳроӣ: шаклидиҳии забони шуғнонӣ барои пажуҳиш ва басанаддароварии забони шуғнонӣ”, баромад дар конфронси якуми байналмиллалӣ оиди басанаддароварӣ ва ҳифзи забонҳо, дар Донишгоҳи Гавая, Манао, 12-14 март 2009 пешкаш хоҳад шуд.

·         Жанмарӣ Руйе Виллоби: Лавҳаи “Барномаи муштарак оиди басанаддароварии забони шуғнонӣ” дар конфронси якуми байналмиллалӣ оиди басанаддароварӣ ва ҳифзи забонҳо, дар Донишгоҳи Гавая, Манао, 12-14 март 2009 пешкаш хоҳад шуд.

 

Баромади Шаҳло Некушоева: “Хонаи суннатии Померӣ ва рамзҳои он”

(Дар Донишгоҳи Кентуккӣ, 8 Апрели 2009 пешкаш гардид)

Баромади

PowerPoint

 

Транскриптҳои нимсолаи дуввуми соли 2008, дар асоси ҳамкорӣ бо Ғарибсултон Султонмамадова

Феврал 28 2008

Апрел 3 2008

Май 8 2008

 

Сабтҳо

“Дастовардҳои ДК” мусоҳиба оиди семинари тобистонаи дар бораи забони шуғнонӣ (ва саҳифаҳои дахлдори интернетӣ)

Афсонаи шуғнонӣ аз тарафи Гулноро Мирзовафоева ҳикоят шуда, бо замимаи месоҳиба  оиди фолклор (Муқбилшо Аламшоeв, Шоназар Мирзоев, Гулноро Мирзовафева)

 

Мақола дар Lexington Herald-Leader (Лексингтон, Кентукки)

 

Забони Шуғнонӣ/Саҳифаи Помир

Веб-сайти Еллен Вулфорд

Саҳифаи забони шуғнонӣ дар Этнология

Саҳифаи шуғнонӣ дар сaйти Иттиҳодия оид ба пажуҳиши Эрони Бостон

Саҳифаи хонагии Помир (аксҳои беҳтарин дар галирея)

Сафари ман ба Осиёи Миёна (аксҳои бештар)

Сафари вертуолӣ ба Хоруғ:  қисми 1   қисми 2   қисми 3   қисми 4